15 декабри соли 2025 бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардид, ки тавассути он то 1 январи соли 2031 воридот ва таҳвили минбаъдаи таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (панелҳои офтобӣ бо дарназардошти табдилдиҳандаи ҷараён (инвертор) ва дастгоҳҳои захиракунандаи ҷараён), қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.



