7 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Исломобод, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
“Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам.
Тоҷикистон ин амали террористии золимона ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид менамояд”.
—
7 февраля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон, направил телеграмму соболезнования Президенту и Премьер-министру Исламской Республики Пакистан, уважаемым Асифу Али Зардори и Шахбозу Шарифу в связи с трагическими последствиями смертоносного террористического акта в одном из мечетей города Исламабада, приведшем к гибели и ранении большого количества людей. В ней, в частности, говорится:
«Прошу у Всевышного милости и всепрощения для погибших, всем пострадавшим желаю полного выздоровления.
Таджикистан, решительно осуждая этот жестокий террористический акт и любые проявления терроризма, постоянно подчеркивает необходимость беспощадной борьбы с этим злом».



