Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар соли гузашта баҳри таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадам, инчунин баланд бардоштани иқтидории кадрии соҳа бо кишварҳои Эрон, Чин, Ҷопон, Русия, Қазоқистон, Амрико ва Узбекистон 13 санади ҳамкориро ба имзо расонидааст. Ҳамчунин ҷиҳати муаррифии имкониятҳои соҳа дар сатҳи байналмилалӣ дар Амрикову Ҷопон форумҳои соҳавӣ баргузор гардида иқтидори ширкатҳои соҳаи IT — и Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардидаанд. Дар соли 2025 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ ва зерсохторҳои онҳо бо зиёда аз 900 хизматрасонӣ ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо пайваст шудаанд. Ҳамзамон, интернет-портали ягонаи давлатӣ (ehukumat.tj) ҳамчун инфрасохтори мутамаркази миллии иттилоотию коммуникатсионӣ таҳия ва ба истифода дода шуда, дар доираи он сомонаҳои беш аз 80 мақомот ва ташкилоти давлатӣ муттаҳид ва ҳамгиро гардидаанд. Дар ин давра дар 29 дидбонгоҳи гумрукӣ камераҳои ҳушманд насб гардиданд, ки ин раванд ба маротиб сатҳи коргузориро таъмин менамояд.



