Амонатбонк дар соли 2025 ҳамкориро бо ташкилотҳои молиявӣ аз кишварҳои Чин, Узбекистон, Туркия, Озарбойҷон ва дигар давлатҳо ба роҳ мондааст.
Дар соли гузашта баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва пешниҳоди қарз ба 56 ширкати ватанӣ аз Бонки давлатии рушди Чин, бонкҳои Қазоқистону Узбекистон 50,5 млн доллар сармоя ҷалб гардидааст. Ҳамчунин бонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, иқдомҳои қарзии имтиёзнокро бо унвони «Рушди деҳот», «Нури дониш — 2025» ва «Орзуҳои солинавӣ — 2026» роҳандозӣ намудааст.



