Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Саъдӣ дар ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои мудирони Бонк дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ҷаласаи солонаи Бонк бо иштироки беш аз 220 намоянда аз кишварҳои узви БОСИ баргузор шуд Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни ҷаласа қайд гардид, ки таҳкими пайвастаи муносибатҳо ва ҳамкориҳои сармоягузориву инфрасохторӣ дар доираи Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ба таъмини рушди мутавозин ва устувории кишварҳои аъзо мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ яке аз шарикони муҳими ҷумҳурӣ буда, дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба маблағи беш аз 140 миллион доллар идома дорад.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои судманд байни Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои афзалиятнок тавсеа ёфта, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои нав боз ҳам фаъол мегарданд.
Дар фарҷоми ҷаласа қайд гардид, ки 8-умин ҷаласаи солонаи Бонк 25-26 сентябри соли 2023 дар шаҳри Шарм-эш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор мегардад.