Рӯзҳои 23 то 25 феврал дар шаҳри Ҳаллеи Олмон Форуми донишгоҳҳо ва илм баргузор шуд. Ин форум дар чорчӯби ҳамкории роҳбурдии минтақавии Олмон ва Осиёи Марказӣ дар дафтари Академияи миллии улуми Олмон барпо гардид.
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо нашри хабари расмӣ иттилоъ дод, ки “ҳадаф аз баргузории ин форум табодули афкор доир ба вазъи кунунӣ, чолишҳо ва дурнамои ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ байни Олмон ва Осиёи Марказӣ мебошад.”
Бино ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Олмон, дар нахустин рӯзи ин форум ҷаласаи пленарии сатҳи болои «Ҳамкории сиёсати таҳқиқотӣ байни Олмон ва Осиёи Марказӣ дар қолаби С5+1» баргузор гардид, ки дар он дабири давлатии Вазорати федеролии Олмон Маркус Плейер ва сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Имомудин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон зимни суханронии худ ба “аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотиро барои рушди устувор” таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро “ҷиҳати таҳкими робитаҳо бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Олмон дар самтҳои таҳқиқоти муштарак ва табодули академӣ” изҳор дошт.
Дар чорчӯби Форуми донишгоҳҳо ва илм санади муштарак дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, таҳқиқот ва навоварӣ дар чорчӯби раванди C5+1 байни Вазорати федералии Олмон оид ба таҳқиқот, технология ва кайҳон ва вазоратҳои соҳавии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.



