Санаи 06 апрели соли 2026 дар толори хурди Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол идомаи дарси навбатии маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар рафти баргузории дарс мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истиқлол Меҳрзод Ҳасанзода ва мудири бахши фарҳанг Исозода Шавкат иштирок намуда, доир ба мавзӯи «Парчам — ифодагари озодӣ ва ҳувияти баланди миллӣ» суханронӣ карданд. Зимни баромад зикр гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, нишонаи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб ёфта, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ, дар миёни ҷавонон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми дарс иштирокчиён андешаҳои худро иброз намуда, миёни онҳо саволу ҷавоб доир гардид, ки ба ғанӣ гардидани донишу ҷаҳонбинии онҳо мусоидат намуд.



