6 апрели соли 2026 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо ёвари Котиби энергетикаи ШМА оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Томми Ҷойс баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати иҷрои мувофиқаҳои бадастомада байни роҳбарони ҳарду кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Доналд Трамп дар моҳи ноябри соли 2025 вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бо ҷалби технологияву таҷрибаи пешрафтаи амрикоӣ татбиқ намудани лоиҳаҳои сохтмони марказҳои додаҳо, неругоҳи барқи офтобӣ, низоми захираи нерӯ ва дигар лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон таъкид намуданд.



