Дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. Озмуни мазкур барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин олимону муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Озмун то 8 апрели соли ҷорӣ идома ёфта, довталабоне, ки натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, сазовори унвони гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мегарданд. Ғолибон дар чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамасола барои дарёфти стипендияи мазкур озмун эълон менамояд. Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагону донишҷӯёни фаъол, аълохон ва соҳибистеъдод роҳандозӣ гардида, аз соли 2017 инҷониб бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, амалӣ мешавад.
Сол то сол шумораи довталабон ба ин стипендия меафзояд ва ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Акс ва матн аз саҳифаи фейсбукии Кумитаи ҷавонон ва варзиш



