24 апрел Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ҳамзамон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос шуданд.
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамсозии шароити муосири корӣ барои мутахассисону кормандон ва беҳсозии сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти нав ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватанӣ бунёд хоҳад ёфт.
Дар он, тибқи нақша, толори асосӣ бо 650 ҷойи нишаст, 7 толори хурду миёнаи дигар, ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, меҳмонхона, ошхона бо 150 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир хоҳад шуд.
Бино бо истифода аз шаклҳо ва ороишоти хоси меъмории миллию ҷаҳонӣ тарҳрезӣ гардида, намои берунии он зебову дилкаш хоҳад буд.
Бинои имрӯзаи мақомот, 38 сол қабл, соли 1984 сохта шудааст ва бо дарназарошти зарурат дар шафати он бинои нави 12 ошёна бо тарҳи замонавӣ бунёд мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон, онҳоро ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва хизмати софдилона ба мардум ҳидоят намуданд.
Ҳоло дар марказ ва деҳоти ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ дар 48 иншооти таъйиноташон гуногун идома дорад.
Бояд таъкид намуд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, вале дар воқеъ то имрӯз бо саҳми соҳибкорони ватандӯсти ноҳия 530 бинову иншоот сохта ба истифода дода шуда, нақша бамаротиб бештар ба иҷро расидааст.
Дар назар аст, ки дар моҳи сентябри ҳамин сол наздики 30 иншооти дигар дар марказ ва деҳоти ноҳия ба истифода дода шавад.



