3 сентябри соли 2026 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Финландия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Хелсинки хонум Мария Агренро қабул кард.
Ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии робитаҳои дуҷониба ва густариши минбаъдаи онҳо, шарикӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафири Финландияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик гуфта, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.



