Имрӯз шаҳри Душанбе мизбони чорабинии муҳими сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи расмии Конфронси об, имрӯз 11 форум аз ҷумла Занон ва захираҳои об – 2026, Ҷалби сармоягузории хусусӣ ва маблағгузории инноватсионӣ барои инфрасохтори об дар кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ, Об ва зеҳни сунъӣ: равобити дуҷонибаи ҳамгиро, Форуми ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва моделикунонии пешгӯии пиряхҳо ва дигар формҳо доир мешаванд. Ғайр аз ин 14 чорабинии канронӣ низ баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки Конфронси расмии сатҳи баланд рӯзҳои 26–27 майи соли 2026 дар маҷмааи «Кохи Сомон», шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Сафар ба самтҳои сайёҳӣ барои иштирокчиёни хориҷӣ 28 майи соли 2026 бо мақсади ошноӣ ва омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об ташкил карда мешаванд. Дар Конфронс беш аз 2500 нафар аз ҷумла намояндагони воломақоми давлатҳои узви СММ ва сохторҳои он, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, занон, ҷавонон, ҷомеаҳои маҳаллӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, доираҳои академӣ, ҷомеаи илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок менамоянд.



