
Тоҷикистон метавонад то соли 2032 ба кишвари пурра истеҳсолкунандаи энергияи сабз табдил ёбад. Тибқи баҳогузории коршиносони байналмилалӣ ва ватанӣ, кишвар дорои иқтидори азими гидроэнергетикӣ, офтобӣ ва бодист, ки заминаи рушди низоми устувори энергетикиро фароҳам меорад. Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан танҳо 5% аз ин иқтидор истифода мешавад, дар ҳоле ки захираҳои умумӣ имкон медиҳанд на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя низ бо неруи тоза таъмин шаванд.
Муовини вазир Манучеҳр Сафарзода иттилоъ додааст, ки иқтидори иқтисодии энергияи офтобӣ ба 369,600 мегаватт ва бодӣ ба 4,485 мегаватт мерасад. Гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ мақоми шашумро дар истеҳсоли энергияи сабз ишғол мекунад ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал қарор дорад.