
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба кори худ оғоз бахшид. Дар чорчӯби ин конфронс дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми “Ба самти идоракунии устувори об дар Осиёи Марказӣ: Нақши мониторинги криосфера дар қабули қарор дар бораи тақсимоти об” баргузор шуд.
Дар кори форум намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазорати энергетика ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Точикистон, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Федеративии Олмон, Сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Дафтари ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА, Намояндаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва олимону муҳақиқони соҳа аз созмону ташкилотҳои гуногун ширкат доранд.
Дар ин форум масъалаҳои об, ғизо, энергетика ва амнияти экологӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва имкониятҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Зимни форум зикр шуд, ки пиряхҳо, барфҳо ва замини яхбаста — ҳамчун манбаи муҳими оби ширин хизмат мекунад, махсусан дар Осиёи Миёна, ки дар он ҷо кишоварзии обёришаванда қариб 90 фоизи оби дастрасро дар бар мегирад. Тағйирёбии иқлим обшавии пиряхҳоро дар ин минтақа суръат мебахшад, ки боиси зуд-зуд омадани сел, ярч ва обхезӣ мегардад, ки ба сокинони маҳаллӣ таҳдид мекунад. Бо пешбинии афзоиши аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 2050 37 дарсад фишор болои манобеъи об афзоиш хоҳад ёфт.