Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозӣ ва сохтмони роҳи автомобилгарди Лабиҷар – Қалъаихумб (қитъаи А, Лоти 1 (аз ПК 0 то ПК 100 (10 км))» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд, Протокол оид ба қатъи амали Протокол ба Созишнома оид ба кумак ба гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз 24 сентябри соли 1993, Шартнома дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳавасмандкунӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Илҳомиддин, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ, муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода Маҳмуд, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно, раиси Комиссия оид ба одоби вакилон, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шодизода Парвиз ва муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Имомзода Нилуфар, муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Саидзода Фирдавс, муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Набизода Тоҳир, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бобоиён Мадина, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Ҳакимзода Ҳомидҷон, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Аҳрорзода Шуҳрат, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Собирзода Ғафурҷон, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шаҳбози Аброр, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ниёзӣ Нуралӣ, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудзода Аҳмад, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Давлатзода Қиёмиддин, узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳалимзода Ғулом, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Солизода Наима, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Наҷмиддиниён Асадулло ва узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қодирӣ Бобоҷон шарҳу тавзеҳ намуданд.



