Конфронси «Робиаи Балхӣ — нахустинбонуи соҳибдевони форсу тоҷик» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин ҳамоиш бо ҳузури шуморе аз донишмандону адабпажӯҳон, намояндагони мақомҳои давлатӣ,меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои мухталиф, бавижа Эрону Афғонистон ва алоқамандони адаби форсӣ барпо гардид.
Қобилҷони Хушвахтзода, раиси Академияи миллии улуми Тоҷикистон зимни суханрониаш гуфт, «таҷлили 1050 солагии Робиаи Балхӣ баёнгари бузургии зани тоҷик аст ва Робиа ҳам ҳамчун нахустин шоири зан шинохта шудааст».
Идибеки Қаландар, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон тайи суханоне гуфт, «имрӯз тақвияти ҷойгоҳи зан яке аз масоили умдаи ҷаҳонист ва бузургдошти Робиаи Балхӣ дар Тоҷикистон дар ин замина муҳим аст».
Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки «батозагӣ ду нусха аз дастхати Робиаи Балхӣ аз сӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баргардон шудааст». Ин иқдоми донишгоҳи забонҳо ба унвони «иқдоми муассир ва сареъ» арзёбӣ шуд.
Моҳи ноябри соли 2025 зимни 43-юмин иҷлоси Конфронси ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи форсу тоҷик Робиаи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи тоҷикон шаҳодат медиҳад.



