ДУШАНБЕ, 27.08.2026. /«Овози тоҷик»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз сулҳи тоҷикон то сулҳи ҷаҳон» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Носир Озод суханронӣ намуда, аҳамияти сулҳу субот ва нақши воситаҳои ахбори оммаро дар тарғиби арзишҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъкид кард.
Ӯ зикр намуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ дошта, метавонад ҳамчун намунаи ибрат дар ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ хидмат намояд.
Дар конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимону коршиносон ва аҳли илму фарҳанг иштирок карда, масъалаҳои пойдории сулҳ, ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таърихии таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро баррасӣ намуданд.
Ҳамоиш дар доираи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» доир гардид.



