29 сентябри соли 2026 дар Қасри Ас-Саломи шаҳри Бағдод мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ муҳтарам Низор Муҳаммад Саид Омидӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон саломи самимӣ ва паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ироқ расонида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ироқ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Сафир омодагии кишвари худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ироқ изҳор намуд.



