29 сентябри соли 2026 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА дар бинои Роналд Рейган ва Маркази байналмилалии савдои шаҳри Вашингтон маросими расмӣ бахшида ба 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ШМА) баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи муовини ёвари Котиби давлатии ШМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Каролин Дубровски, намояндагони сохторҳои давлатии ШМА, роҳбарон ва аъзои корпуси дипломатӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, илмию академӣ ва коршиносон, инчунин фаъолони ҷомеаи тоҷикон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ самимона табрик намуда, қайд кард, ки дар тӯли 34 сол бо шарофати талошҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлат муносибатҳои ду кишвар рушд ёфта, ба сатҳи баланд баромаданд. Сафир марҳилаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳо, вохӯриҳои сершумори сатҳи олӣ ва баланд, баргузории мунтазами Машваратҳои солонаи дуҷониба (ABC), ки ҷаласаи 10-уми он моҳи июни соли 2026 дар шаҳри Вашингтон доир гардид, нахустин вохӯрии сатҳи баланд дар қолаби «Осиёи Марказӣ + ШМА» (C5+1) дар соли 2015 ва Нишасти таърихии сарони давлатҳо дар қолаби C5+1 дар моҳи ноябри соли 2025-ро махсус таъкид намуд. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки соли 2027 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Форуми тиҷоратии B5+1 хоҳад буд.
Сафир таъкид кард, ки вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка муҳтарам Доналд Трамп ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддии нав бахшид.
Қайд гардид, ки ШМА ба қатори панҷ сармоягузори асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад. Дар навбати худ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори панҷ таъминкунандаи асосии сурма барои бахшҳои муҳимму стратегии иқтисодиёти ШМА дохил мешавад. Шартномаи ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон оид ба хариди ҳавопаймоҳои ширкати «Boeing» ба маблағи 3 миллиард доллар ва Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи умумии 78 миллион доллар ҳамчун намунаҳои муваффақи ҳамкориҳои дутарафа арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин Сафир дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва иқтидорҳои бузурги сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла рушди миёнасолонаи иқтисодӣ дар сатҳи тақрибан 7,7 фоиз дар ду даҳсолаи охир, қувваи кории ҷавон ва соҳибмаълумот, нерӯи барқи арзону «сабз», панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ бо имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва афзалияти давлатии рушди рақамикунонӣ ба таваҷҷӯҳи иштироккунандагон расонида шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ иҷрокунандаи муовини ёвари Котиби давлатии ШМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Каролин Дубровски мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ табрик гуфт. Ӯ рушди мусбати муносибатҳои Тоҷикистону ШМА-ро қайд намуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими субот ва амнияти минтақа ва пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ кард. Каролин Дубровски омодагии ҷониби амрикоиро барои минбаъд густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Ба ғайр аз ин ба ҳозирин навори муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд ва дар ҷараёни саволу ҷавоб иштироккунандагон имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Илова бар ин дар чорабинӣ намоишгоҳи мусаввараҳо ва нигораҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон ва таомҳои миллӣ пешниҳод карда шуданд. Ҳамзамон ба иштирокдорони чорабинӣ маводҳои таблиғотӣ оид ба имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии Тоҷикистон тақсим карда шуд.



