Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Асадулло Қурбонов бинои нави филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро ифтитоҳ намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои наву замонавии филиал аз шаш ошёна ва таҳхона иборат буда, бо дарназардошти талаботи муосири таълимӣ бунёд гардидааст. Дар он барои баргузории машғулиятҳои назариявию амалӣ, курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои таълимию методӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47, воқеъ дар деҳаи Гулистони деҳоти Зарбдор ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Муассисаи нави таълимӣ дар заминаи корҳои ободонию созандагӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот бунёд гардидааст. Муассиса дорои 21 синфхона ва кабинетҳои фаннӣ буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 -и деҳаи Сари Ҷари деҳоти Даҳанаро ба истифода доданд.
Муассисаи нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва фарогирии бештари кӯдакону наврасон ба таҳсил нигаронда шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса 40 омӯзгор ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ ҷалб гардида, барои таҳсили 600 хонанда дар ду баст имкониятҳои зарурӣ муҳайё мебошанд.
Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и деҳаи Файзободи Болои деҳоти Зарбдорро ба истифода доданд.
Бино аз 10 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 хонанда пешбинӣ шудааст.
Ба истифода додани бинои иловагӣ боис мешавад, ки имкониятҳои муассиса барои қабули хонандагон зиёд гардида, раванди таълим дар шароити муносиб ба роҳ монда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пистамазори деҳоти Зиракӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Синфхонаҳо бо дарназардошти талаботи муосири соҳаи маориф бунёд гардида, барои беҳтар намудани шароити таълим ва ташкили самараноки раванди дарсҳо мусоидат мекунанд.
Мактаб дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 22 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зиракии деҳоти Зиракӣ ба таври фосилавӣ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-ро ба истифода доданд.
Бинои нави таълимӣ аз 10 синфхона иборат буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 хонанда пешбинӣ шудааст.
Ҳоло дар муассисаи қаблӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар ду баст дар маҷмӯъ 796 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба таълиму тарбияи онҳо 63 омӯзгор машғул мебошанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Кӯлобро ба истифода доданд.
Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба хотири фароҳам овардани шароити муносиб барои таълим ва зиёд намудани имкониятҳои муассиса амалӣ гардидааст.
Синфхонаҳои нав бо дарназардошти талаботи муассиса бунёд гардида, барои ба роҳ мондани дарсҳо дар муҳити муносиб ва истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар муассиса 12 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.
Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим дар деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлобро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳи мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Кӯлоб соли 2025 бо иқдоми созандаи академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва дастгирии соҳибкорони ватандӯст Аюбҷон Маҳмадов ва Мирсаид Мирсаидов оғоз гардида, он дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва инфрасохтори замонавӣ бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои нави хобгоҳ хуштарҳу барҳаво буда, бо 14 ҳуҷраи хоб, 160 кат, 2 толори васеъ барои бозӣ ва машғулиятҳои инкишофдиҳанда, 5 утоқи корӣ ва бахшҳои ёрирасон барои зиндагии хуби ятимону кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити мусоиди зист ва таҳсил фароҳам гардида, иншоот бо низоми эҳтиётии барқ дар асоси неруи офтобӣ таъмин карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарбдори деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти томактабии Бобунаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии Бобуна соли 2021 оғоз ёфта, барои фарогирии 200 кӯдак бо таълиму тарбия пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи таълимии мазкур дорои 86 ҳуҷраҳои корӣ, таълимӣ, хобгоҳ, утоқҳои ёрирасон ва 2 ҳавзи шиноварии алоҳида барои духтарон ва писарон буда, дар 10 гурӯҳи кӯдакон мукаммал сохтани маҳорат, ҳозирҷавобӣ, ҳушёриву зиракӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва рушди дигар сифатҳои ақливу зеҳнӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Асадулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшонро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассисаи томактабии Дурахшон барои 300 кӯдак пешбинӣ шуда, дар он тамоми шароити муосири таълиму тарбия барои 15 гурӯҳ, толори варзишӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, системаи гармидиҳии муосир, майдончаи бозии кӯдакона ва суҳбаткадаҳо муҳайё гардидааст.
Бо мавриди истифода қарор додани муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон дар маҳаллаи Асадулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб 120 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.
Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб туҳфаи арзишманди Пешвои миллат ба аҳли маориф дар рӯзҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.



