4 октябри соли 2026 вазири авқоф ва умури исломии Давлати Кувайт д-р Муҳаммад Иброҳим Ал-Васмӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
Дар он дидор вазъи кунунӣ ва чашмандози ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуда, дар бораи роҳҳои таҳким ва тавсеаи робитаҳо байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар табодули назар сурат гирифт.



