Зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии роҳ ва пулҳои мошингарди дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ муаррифӣ гардиданд, ки татбиқи онҳо ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи Гулистон-Кӯлоб бо дарозии 32,2 километр ва роҳи Гулистон – Восеъ дар масофаи 14 километр дар доираи лоиҳаи мазкур, ки дар маҷмӯъ 46,5 километрро ташкил медиҳад, санги асос гузоштанд. Имрӯз бо Супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 12 нуқтаи роҳи Гулистон-Кӯлоб корҳои сохтмонӣ оғоз ёфт.
Роҳи Гулистон-Кӯлоб ба дараҷаи техникии 1 маҳсуб меёбад ва аз 4 хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии қисми роҳи мошингард дар ду самт 17 метрро ташкил медиҳад. Дар ин масир 6 пул, 8 гузаргоҳи болозаминӣ, зеризаминӣ ва барои чорво, хатти махсус барои дучархаронҳо, 31 истгоҳ ва таваққуфгоҳҳо барои хонаи модару кӯдак сохта мешавад. Дар корҳои сохтмон зиёда аз 30 техника ва 78 коргар аз ширкатҳои Хунан ва ТГЭМ ҷалб гардидаанд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Гулистон – Кӯлоб навсозии 15 километр роҳ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло сохтмони роҳи Данғара – Гулистон бо маром идома дошта, дар 52 нуқта корҳо ҷараён дорад. Дарозии роҳи мазкур 49 километрро ташкил дода, ба дараҷаи техникии 1 мансуб мебошад. Паҳноии роҳ дар ҷойҳои аҳолинишин 45-66 метрро ташкил медиҳад, аз роҳи пиёдагард ва дучархаронҳо иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар нуқтаи охири роҳи мазкур ва оғози роҳи Гулистон – Кӯлоб барои рафтуомади беисти нақлиёт дар нуқтаи буриши самтҳои Данғара – Кӯлоб ва Фархору Ҳамадонӣ роҳи дусатҳа сохта мешавад. Дар ин масир, ҳамчунин, бунёди гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои техника, пиёдагардон, чорво, гузаргоҳҳои болоизаминӣ, равшанидиҳӣ, чароғакҳою аломатҳои роҳ, истгоҳҳо, хатҳои алоқа ва обу корез ва системаи обёрӣ ба назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин, ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди 2 пули мошингузар дар роҳи Гулистон-Кӯлоб муаррифӣ гардид.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар пули якум, ки дар болои дарёи Сурхоб бо дарозии 133 метр бунёд мегардад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Пули мазкур аз навъи оҳанубетонии болорӣ буда, таҳкурсии такягоҳҳои он бо истифода аз мехсутунҳо бо диаметри 1,2 метр бунёд меёбад.
Сохтмони пули дуюм дар болои дарёи Ёхсу, воқеъ дар ноҳияи Восеъ, тибқи нақша идома дошта, дарозии он 100,4 метр ва паҳноияш 14 метрро ташкил медиҳад. Пули дуюм низ бо усули оҳанубетонии болорӣ сохта шуда, барои таъмини устуворӣ ва мустаҳкамии иншоот таҳкурсии такягоҳҳо тавассути мехсутунҳо бунёд карда шуда, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳар ду иншооти муҳими нақлиётӣ тибқи талаботи техникию меъёрӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои сохтмони роҳи таворавии Кӯлоб–Шамсиддин Шоҳин ба масофаи 11 километр санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур бо 2–3 хатти ҳаракат пешбинӣ гардида, паҳноии ҳар як хат 3,5 метр ва паҳноии қисми ҳаракати нақлиёт аз 7,0 то 10,5 метрро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳа бунёди 1530 метр пиёдароҳ дар маҳаллаҳои аҳолинишин, насби низоми равшаннамоии офтобӣ, сохтмони қубурҳои обгузар, 2 адад пул ва истгоҳҳои нақлиётӣ пешбинӣ гардида, барои таъмини бехатарии ҳаракат аломатҳои роҳ насб карда мешавад.
Дар доираи лоиҳаи роҳи таворавӣ дар 5 мавзеъ барои то 3500 оила замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 5 дарсадӣ дар назар аст. Ҳамчунин, бунёди хатти оби нушокӣ ва барқ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки корҳои созандагию ободонӣ ба хотири рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳо ба роҳ монда шавад.
Ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳои мошингард таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.



