23 ноябри соли 2026 дар шаҳри Аммон мулоқоти cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Урдун Айман ас-Сафадӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Урдунро баррасӣ намуда, ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.



