Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода дар нишасти 31-уми Конфронси кишварҳои тарафҳои Конвенсия оид ба манъи силоҳи кимиёвӣ (CSP-31), ки рӯзҳои 23–27 ноябри соли 2026 дар шаҳри Гаагаи Шоҳигарии Нидерландия баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ муовини вазир пойбандии устувори Тоҷикистонро ба татбиқи пурра ва самараноки Конвенсия оид ба манъи силоҳи кимиёвӣ ҳамчун абзори муҳим барои таъмини сулҳ ва амният дар ҷаҳон бори дигар таъкид кард.
Ҳамчунин, муовини вазир ба аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва кумаки техникӣ дар доираи Конвенсия, бахусус дар самти таҳкими иқтидор, омӯзиши мутахассисони миллӣ ва пешбурди истифодаи сулҳомези кимиё барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ иброз намуд.



