30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд ва бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба сохтмони он оғоз бахшиданд.
Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои нуқсони спектри аутизм бунёд гардидааст.
Муассиса барои дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакони дорои вайроншавии спектри аутистикӣ, синдром Дауна, фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, ақибмонии инкишофи нутқу равонӣ, нишонаҳои норасоии диққат ва гипперактивӣ, ҳамчунин оилаҳои онҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нави хизматрасонии махсус ва мусоидат ба рушди қобилиятҳои инфиродии кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Самтҳои асосии фаъолияти тавонбахшӣ дар марказ рушди малакаҳои ҷисмонӣ, муошират ва нутқ, амал ва рафтор, ҳаракатҳои хурду калон, рушди равонӣ, таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии тарбиятгирандагонро дар бар мегиранд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, иншооти нав аз се бинои панҷ, шаш ва ҳафтошёна иборат буда, бахшҳои тавонбахшӣ, таълимӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад. Маҷмаа бо назардошти талаботи фаъолияти муассисаҳои махсус бунёд гардида, барои ташкили хизматрасониҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва таълимӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Марказ имкони дар як вақт қабул намудани то 400 табобатгирандаро дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 200 мутахассиси ин соҳа бо кор таъмин мегарданд, ки ин иқдом дар баробари рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат менамояд.
Дар марказ ҳафт шуъбаи соҳавӣ фаъолият намуда, самтҳои ташхис, дахолати бармаҳал ва дастгирии оила, тавонбахшӣ, қабули рӯзона, кор бо наврасон, инчунин, омӯзиш ва машваратдиҳии волидонро фаро мегирад. Чунин сохтори фаъолият имкон медиҳад, ки ба ҳар як кӯдак вобаста ба хусусиятҳои инкишоф ва ниёзҳои фардиаш хизматрасонии мувофиқ пешниҳод шавад. Ҳамчунин, волидон метавонанд аз машварату роҳнамоии мутахассисон баҳра гирифта, барои дастгирии фарзандонашон донишу малакаи зарурӣ пайдо намоянд.
Муассиса дорои 10 синфхонаи таълимӣ, 102 ҳуҷраи корӣ ва маъмурӣ, 40 ҳуҷраи техникӣ ва ёрирасон мебошад. Ҳамчунин, дар он ду толори маҷлисӣ бо 90 ва 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра барои қабули волидони кӯдакони табобатгиранда, ошхона барои 50 нафар ва ду ҳавзи шиноварӣ ҷойгир шудааст.
Дар саҳни муассиса суҳбаткадаҳо ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд шудаанд, ки барои истироҳат, фароғат ва ташкили машғулиятҳои беруназсинфии онҳо пешбинӣ шудаанд.
Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо имконияти муосир аз ҷумлаи муассисаҳои махсуси соҳа ба ҳисоб рафта, барои беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои зарурӣ ва дастгирии оилаҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Пас аз шиносоӣ бо муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро идомаи мантиқии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар пойтахти кишвар арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос шуда, ба корҳои сохтмонии он оғоз бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, марказ бо назардошти талаботи муосири соҳаи тиб тарҳрезӣ гардида, барои ташхису табобати беморон, гузаронидани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ва пайванди узвҳою бофтаҳо, нигоҳубини беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо пешбинӣ шудааст.
Тибқи лоиҳа, бинои марказ аз 15 ошёна иборат буда, дар қисми болоии он майдончаи махсус барои нишасту парвози чархбол пешбинӣ гардидааст.
Дар маҷмӯъ, дар бино 377 ҳуҷраи функсионалӣ ҷойгир карда мешавад, ки барои ташхису табобат, гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, корҳои озмоишӣ, нигоҳубини беморон, фаъолияти маъмурӣ ва хизматрасониҳои дигар истифода хоҳанд шуд. Ҷойгиркунии бахшу шуъбаҳо дар ошёнаҳои алоҳида бо назардошти таъиноти онҳо ва таъмини робитаи байниҳамдигарии қисматҳои гуногуни муассиса ба нақша гирифта шудааст.
Дар марказ 19 бахши асосии функсионалӣ пешбинӣ гардида, дар он озмоишгоҳҳои махсус, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва нигоҳубини интенсивӣ, маъмурият, кафедра, инчунин, бахши ҷарроҳиҳои инноватсионӣ ва омехта ҷойгир карда мешаванд.
Бунёди чунин маҷмааи бисёрсамтаи тиббӣ барои муттаҳид намудани имконияти ташхис, табобат, ҷарроҳӣ, нигоҳубини интенсивӣ ва назорати ҳолати беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ дар як муассиса шароити мусоид фароҳам меорад. Ин иқдом ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии беморон ба хизматрасониҳои мураккаби тиббӣ равона шудааст.
Мувофиқи нақша, корҳои сохтмонии Маркази трансплантология дар давоми ду сол ба анҷом расонида мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшаванда ва таъмини сифати корҳо дастуру тавсияҳо доданд.
Ифтитоҳи Маркази аутизми шаҳри Душанбе ва оғози сохтмони Маркази трансплантология бозгӯи идомаи тадбирҳо дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва тиббии кишвар арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки амалӣ гардидани ин иқдомҳо барои беҳтар намудани шароити ташхису табобат, тавонбахшии кӯдакони дорои ниёзҳои махсус ва хизматрасонии муосири тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар Маркази аутизми шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барномаи электронии Е-тиб муаррифӣ карда шуд, ки ба рақамикунонии хизматрасониҳои тиббӣ, худкорсозии равандҳои корӣ ва баланд бардоштани сифату самаранокии хизмат ба шаҳрвандон равона гардидааст.
Барномаи мазкур имкониятҳои корти электронии бемор, дорухатти электронӣ, навбати электронӣ ва сабти фосилавӣ барои қабули табибонро фароҳам меорад. Татбиқи он ба сарфаи вақт, такмили фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои босифат мусоидат менамояд.



