30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Разес Фарма дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои пойтахтро мавриди истифода қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон буда, соли 2022 таъсис ёфтааст ва татбиқи лоиҳаи мазкур дар асоси созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Разес Фарма моҳи майи соли 2024 оғоз гардидааст.
Дар марҳилаи аввал чор хат ба кор даромада, истеҳсоли 100 номгӯйи доруворӣ ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи корхона ба 1 миллиарду 400 миллион қурс, 300 миллион ғилофак, 21 миллион воҳиди доруҳои моеъ барои истифодаи берунӣ ва 13 миллион воҳиди малҳам, крем ва гел баробар мебошад.
Тибқи нақша, дар оянда, номгӯйи маҳсулоти корхона то ба 250 намуд расонида мешавад.



