Дар нимсолаи аввали соли 2022 воридоти маблағ аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя 366,2 млн. сомониро ташкил дод, ки он аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 335,9 млн. сомонӣ мебошад. Дар ин бора Маҳмадумар Асозода, раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” ба доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ба зикри Маҳмадумар Асозода, сабаби асосии коҳиши даромади содиротии нерӯи барқ дар нимсолаи аввали соли 2022 вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва сари вақт пардохт нашудани пули