Санаи 18 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо Роҳбари Маркази бисёрҷонибаи ҳамкории маблағгузории рушд (MCDF) — Жонгжинг Ванг баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, рақамикунонии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ муҳокима карданд.



