Баъди чанд лаҳза дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе Конфронси навбатии Душанбе — «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» оғоз меёбад. Дар ин бора ҳамкорамон Мирсаид Сатториён аз макони баргузории чорабинӣ иттилоъ медиҳад.
Ба зикри масъулин, намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аз гӯшаву канори ҷаҳон, инчунин роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ, ки дар самти мубориза бо терроризм ва мудирияти сарҳадот, аз ҷумла пешгирии ҳаракати террористҳо фаъолият мекунанд, барои иштирок дар конфронс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд.
Дар даромадгоҳи макони баргузории ин чорабинии сатҳи баланд аз ҷониби масъулини созмонҳои минтақавию байналмилалии муқими Душанбе, сафоратхонаҳои кишварҳои мухталиф ва ниҳодиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи муаррификунандаи имкониятҳои сайёҳиву сармоягузорӣ ва омодагии кишвари мо дар роҳи мубориза бар зидди терроризм ташкил шудааст.
Бояд гуфт, ки конфронси мазкур сеюмин чорабинии сатҳи баланд буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз- мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар пойтахти кишвари мо баргузор мегардад.