Тавре ки қаблан иттилоъ додем, баъди чанд лаҳза дар Кохи Сомон Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» доир мегардад. Бо ин мақсад айни ҳол ҳайатҳои расмӣ вориди толор шуданд. Дар ин бора мухбиронамон Мирсаид Сатториён ва Нушофарин Олимова иттилоъ медиҳанд.
Ҳайатҳо дар даромадгоҳи Кохи Сомон намоишгоҳи муаррификунандаи имкониятҳои сайёҳиву сармоягузорӣ ва омодагии кишвари мо дар роҳи мубориза бар зидди терроризмро, ки аз ҷониби масъулини созмонҳои минтақавию байналмилалии муқими Душанбе, сафоратхонаҳои кишварҳои мухталиф ва ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, тамошо карданд.