Рӯзи 18 октябри соли равон дар доираи баргузории Бозиҳои байналмилалии Делфии кишварҳои аъзои ИДМ, дар толори Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидї” барои шогирдони шуъбаи созњои нафасии таълимгоҳ дарси мањорат бо иштироки Гараюсифли Азиз Яшарович-Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори Мактаби санъати ба номи К. Караеваи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид. Дар ин бора Марям Холиқзода, кормнди маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ дод.
Гараюсифли Азиз зимни баргузории машғулиятҳо ба шогирдони муассиса аз нозукиҳои навозиши сози мусиқии кларнет, усули нафасгирии дуруст дар ҷараёни навозиш, тартиби ҷобаҷогузорӣ ва пайи ҳам гузоштани ангуштҳо дар сози кларнет, кор бо садова равиши он суҳбатҳои ҷолибу шуниданӣ доир намуд.