7 ноябри соли 2022 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нур-Султон “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта шуд.
Сафир Хайрулло Ибодзода зимни суханронӣ аз аҳаммияти сарнавиштсози Қонуни асосии кишвар, ки дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташаккули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намуда, онро ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, унвон кард.