8 декабри соли равон дар шаҳри Париж дар чаҳорчӯби Ҳамоиши СММ-об оид ба обҳои зеризаминӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Шамила Наир-Бедуэлле мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо мавзӯҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба об ва иқлимро матраҳ карданд.
Шамила Наир-Бедуэлле ба нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об баҳои баланд дод.