
Зарфиятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар китоби „Аз дидгоҳ ба воқеият” нашр шуд. Китоби мазкур ба хотираи некироҳбари Агентии энергетикии Олмон (dena) марҳум Штефан Колер бахшида шуда, дар арафи ҷашни 70-солагии зодрӯзи ӯ интишор ёфт.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар ин китоб 24 мақолаи нафрони бо Штефан Колер ҳамкориҳои наздик доштаро дар мавзӯъҳои тадриҷан барҳам додани нерӯи ҳастаӣ, раванди гузариш ба энергияи сабз, ҳамкориҳои фаромиллӣ, фаъолияти Агентии энергетикии Олмон, сиёсати энергетикӣ ва иқтисодӣ, пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, бартарияти манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир ҷамъоварӣ шудааст.
Муаллифони мақолаҳо Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, собиқ ноиби Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисоду энергетика ва Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Зигмар Габриэл, нахустин Президенти Роҳи оҳани федеролӣ (Deutsche Bundesbahn) Ҳайнтс Дюрр, ҳаммуассиси ташкилоти экологии “GreenPeace”-и Олмон, Моника Грифан, сиёсатмадор Алфред Таке, профессори калони Донишгоҳи Леупанаи Люнебург оид ба тадқиқоти устуворӣ Герд Михелсен, собиқ раиси Шӯрои назорати оператори неругоҳи электрикии “STEAG”, ҳамчунин Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ва дигарон мебошанд.
Бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, ташаббусҳои глобалии кишвар дар соҳаи об, татбиқи энергияи сабз ва даъвати доираҳои олмонӣ барои ҳамкории судманд дар ин самт, мақолаи Сафири Тоҷикистон ба мавзӯи “Зарфиятҳои энергетикии Тоҷикистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда” дар ин китоб ба табъ расид.