Дар Душанбе 90 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Қутбӣ Киром таҷлил мешавад. Маҳфили адабӣ 16 декабр дар Хонаи адибони ба номи устод Мирзо Турсунзода доир шуда, дар он иштироки олимон, шоирону нависандагон ва адибони шинохтаи кишвар дар назар аст. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Маҳинбонуи Мирзо хабар доданд.
Маҳфил дар сатҳи баланди адабиву фарҳангӣ ва хеле хубу хотирмон сурат гирифта, дар он иштирокчиён аз хотираҳои нек аз рӯзгори Қутбӣ Киром ва саҳми ӯ дар адабиёти тоҷик, аз шеъру достонҳои офаридааш, қиссаҳо, пйесаҳо ба ёдгормондааш ёдоварӣ хоҳанд намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Қутбӣ Киром аз ҷумла шоирони шинохтаи нимаи дуюми қарни бистум буда, аз худ шеъру достонҳои зиёд, қиссаҳо ва пйесаҳо боқӣ гузоштааст. Ӯ 18 декабри соли 1932 дар деҳаи Урметани ноҳияи Заҳматобод ба дунё омада, 26 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.
Дорандаи унвонҳои «Шоири халқии Тоҷикистон», «Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон» буда, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба даст овардааст.