19 декабри соли 2022 дар шаҳри Душнабе бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ коференсияи илмӣ-оммавӣ таҳти унвони “Дунёи ғазал” баргузор гардид. Дар он муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, сардорони раёсату шуъба, роҳбарон ва кормандони эҷодии зерсохторҳои вазорат ва донишӯёни факултетҳои забону адабиёти донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сафарзода Давлат Шариф зимни суханронии хеш вобаста ба шоҳасари оламшумули мутафаккири барҷастаи адабиёти классики тоҷику форс “Маснавии Маънавӣ” андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин асари безавол бо теъдоди даҳ ҳазор нусха рӯи чоп омад ва ба дасти хонандаи хеш расид.
Ҳамзамон, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Мирализода Раҳмоналӣ., Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб, шоир ва муҳаққиқи осори Мавлоно, номзади илмҳои филология Беҳрӯзи Забеҳулло дар мавзӯъҳои “Мавлоно дар меҳвари сиёсати фарҳангии Пешвои миллат”, “Ҷойгоҳи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ дар фарҳанги умумибашарӣ”, “Мавлоно дар ойинаи муҳаққиқони Ғарб” ва “Дунявият дар осори Мавлоно” маърӯзаҳо эрод намуданд.