
Ҷумҳурии Исломии Эрон мехоҳад, ки дар Тоҷикистон шуъбаҳои байналмиллалии донишгоҳҳои илмҳои тиббро таъсис диҳад.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба хабаргузории ИРНА хабар медиҳад, Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ иброз дошт, ки дар назар дорем шуъбаҳои байналмиллалии донишгоҳҳои улум пизишкиро таҳти мудирияти илмии Эрон дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ва Лубнон таъсис кунем.
Номбурда ин нуктаро зимни ифтитоҳи бемористони Ансоралғаддири Буҳман бо ишора ба ифтитоҳи шуъбаи донишгоҳи Теҳрон илмҳои пизишкии Теҳрон дар Карбало таъкид кард.