Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён гуфт, ки кишвараш мақомоти феълии Афғонистонро ба расмият намешиносад ва таъкид кард, ки «ҳалли масъала дар Афғонистон дар ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми қавмҳои афғон аст.»
Бино ба иттилои хабаргузории «ИСНА», Амир Абдуллоҳиён дар мулоқоташ бо намояндагон ва чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, расонаӣ ва илмӣ дар Лубнон изҳор дошт, ки мо амалиёти созмони террористии ДИИШ дар ин кишвари ҳамсояро маҳкум мекунем.
Номбурда таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳимоят аз мардуми Афғонистон ҳамкориро бо ин кишвари ҳамсоя идома медиҳад.
«Мо ниҳоди кунунии ҳокими Афғонистонро эътироф накардаем, аммо дар арсаҳои мухталиф бо он тамос ва гуфтугӯ дорем. «- афзуд Амир Абдуллоҳиён.