17-уми апрели соли 2026. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср Тамер Фатҳӣ Абдуссалом Ҳаммадро ба ҳузур пазируфт.
Мусоҳибон вазъи кунунии ҳамкориҳои кишварҳоро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об вобаста ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика, истифодаи манобеи барқароршавандаи энергия, идоракунии захираҳои об ва татбиқи инфрасохтори муосир маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар идома ҷиҳати иштироки ҳайати васеи Ҷумҳурии Арабии Миср дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» даъват ба амал оварда шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва густариши муколамаи созанда байни ду кишвар изҳор доштанд.



