
26 январ дар шаҳри Рим вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо иқомат дар шаҳри Париж) Ҷамолиддин Убайдулло бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия Эдмондо Сириеллӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо ҳолати кунунӣ, дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуданд.