
Тибқи нақшаи Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ баста шудааст, устодони донишгоҳ, деканони факултетҳои физика ва технологияву соҳибкорӣ Назруллоев А.С. ва Ширинов М.С. ҷиҳати таҷрибаомузӣ ба Донишгоҳи давлатии педагогии Белорус ба номи М. Танка дар ҳудуди ин кишвар қарор доранд.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ хабар медиҳад, тибқи нақшаи таьлимӣ оид ба таҷрибаомӯзии роҳбарон ва мутахассисон онҳо курси технологияҳои муосири коммуникатсионӣ: идоракунӣ ва худидоракунии роҳбарони муассисаи таълимиро аз бар хоҳанд кард.
Онҳо дар фосилаи кутоҳ бо шароиту муҳити таҷрибаомӯзӣ ошно гардида, дар раванди он ба омӯхтани таҷрибаи ҳамкасбони белорусӣ пардохтанд. Чӣ тавре, ки ба мо маълум аст, равиши фаъолияти таҷрибаомӯзон тибқи нақшаи тарҳрезишуда ҷараён хоҳад гирифт.