8 феврали соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА Фаррух Ҳамрализода бо Cафири навтаъини Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануел Микаллер баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА хабар дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеа ва рушди муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.