Намояндагони Донишгоҳи давлатии Томск аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дидан намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии донишгоҳи мазкур, меҳмонон бо Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мулоқот намуданд, ки дар ҷараёни он як қатор масъалаҳо ва самтҳои ҳамкории донишгоҳҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳадафи аслии вохӯрӣ баррасии лоиҳаи таъсиси Марказҳои салоҳиятдорӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ бо донишгоҳҳои шарики хориҷӣ, ки вазифаи онҳо омода кардани кадрҳо дар соҳаи технологияҳои рақамӣ мебошад, номида шуд.
Зикр шуд, ки Донишгоҳи давлатии Томск ният дорад, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро ҳамчун шарики хориҷии худ пешниҳод кунад.