

Зикр шуд, ки дар вилояти Суғд бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам бунёди токзори нав идома дорад.
Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд барои ташкили токзор бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода ҷараён дошта, то имрӯз 150 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Соли равон бошад дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят то 500 гектар чунин токзор бунёд гардида, таҷрибаи пешқадам ва навигариҳои замони муосир истифода бурда хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ангурпарварони шаҳри Турсунзода барои ҳамкорӣ бо кишоварзони вилоят омода буда, дар бунёди токзори нав саҳми худро хоҳанд гузошт. Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода яке аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ буда, дар самти бунёди токзор таҷрибаи бой дорад. Хоҷагӣ дорои 500 гектар токзор буда, навъҳои беҳтарини ангур дар он истеҳсол ва содирот карда мешавад.