
16 феврали соли 2023 зимни сафари корӣ ба Димишқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни мулоқот сафир бино ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар ҳамдардии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҳукумат ва мардуми Сурия расонид.
Файсал Миқдод аз номи роҳбарияти олии кишвараш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳусни таваҷҷуҳ дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо атрофи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Сурия хонум Лубона Мишвеҳ доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо бар тақвият ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои фарҳангу адаб ва мерос таъкид намуданд.