
17 феврали соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода муовини роҳбари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (USAID) Изобел Коулманро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот рушди муносибатҳо байни Тоҷикистон ва ИМА дар чорчӯби барномаҳои USAID дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист муҳокима шуданд.