
Дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка ва пиёзи барвақтӣ, сабзавоту меваҷотҳо ва меваи хушк, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, зимни мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Директор Бонки рушди Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никалай Никулин Никалавич муаррифӣ шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Бонки рушди Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никалай Н.Н. ҳавасмандии хешро ҷиҳати содироти сабзавоту меваҷот ва меваи хушки дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба дигар мамлакатҳо иброз намуд.
Номбурда бунёди марказҳои логистикӣ барои ҷамъоварии маҳсулотҳои кишоварзӣ ва банду басти он, ҳалли масъалаҳои ҳамлу нақл тариқи мамлакатҳои дигар, дастгирии хоҷагиҳои фермерӣ ва соҳибкорони хурду миёна, оиди ҳамкориҳо дар самти техникаи кишоварзӣ хусусан бо КВДҶ “Тоҷикагролизинг” ва барои амалӣ намудани нақшаҳо дастгирӣ ва маблағгузории Бонки рушди Авруосиёро ба маблағи 50 миллион доллар зарур шуморид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои наздик дар вилояҳои Хатлону Суғд ташкили мулоқот бо хоҷагиҳо ва соҳибкорони хурду миёна баргузор карда шавад.