
Зубайдулло Зубайдзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт паёми тасалияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Башор Асад, Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия расонид.
Бино ба иттилои хабаргузории ИСНА, зимни мулоқт Башор Асад аз ҳимояти давлат ва миллати Тоҷикистон аз Сурия дар ин мусибат изҳори хушнудӣ намуда, иброз кард, ки тавсеаи равобити дуҷониба бар асоси манофеи муштарак аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Зубайдулло Зубайдзода дар навбати худ зикр дошт, ҳадаф аз ин сафар таъкид бар ҳимояти Тоҷикистон аз Сурия ва омодагӣ барои ироаи ҳар гуна кумак ба ин кишвар мебошад.
Номбурда афзуд, ки Тоҷикистон хоҳони тавсеаи равобити дӯстона бо кишвари Сурия мебошад.