
Дар шаҳри Душанбе Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия идома дорад. Дар ҳошияи он имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия — «Соҳибкор бо соҳибкор» (В2В) ва «Соҳибкор бо намояндаи давлат» (В2G) доир гардид. Дар он намояндагони зиёда аз 15 минтақаи иқтисодии Россия иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Тахмина Амонова хабар дод.
Чорабиниро Манзура Рустамова, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки конфронси мазкур ба рушди имконоти фарохи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Россия мусоидат менамояд.
Дар он масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкорӣ мавриди таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия 2 марти соли равон ба кори худ оғоз намуда, дар кори он намояндагони зиёда 800 ширкату корхонаи соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти минтақавӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати техникӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ ва диигар корхонаҳои давлатию хусусӣ иштирок доранд.