Дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “ITB-Berlin” баргузор шуд. Дар он имконият ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ дар масоҳати 20 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру сайёҳат гузошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Намоишгоҳ намояндагони қариб 200 давлати дунё ва зиёда аз 15 ҳазор ширкати сайёҳӣ иштирок доранд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ тақвияти робитаҳои корӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо шарикони хориҷӣ ва баимзорасонии қарордодҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin ҳамасола таҳти ҳамоҳангии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ доир гашта, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ин Созмон барои таблиғи захираҳои сайёҳии мамлкат хеле муфид арзёбӣ мегардад.